
Ш.ШОҲИН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Мишкорони Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронида шуд.
Ин аксияи ҳизбӣ бо фарогирии танҳо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и деҳаи Мишкорон гузаронида шуда, муассисаи мазкурро рангубор ва сафед намуданд.
Дар ин рӯз иштирокдорон саҳми худро дар ободу зебо гардонидани ин боргоҳи илм гузошта, муассисаро барои солҳои хониши 2019-2020 омода карданд.