БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.  Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикистон»-и ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти чорабинии ҳизбӣ масъулин оиди мавзӯи «Ифротгарои ва терроризм - зуҳуроти номатлуби замони муосир» баромад намуда, изҳор доштанд, ки  равияву ҳаракатҳои нодурусту номатлуби исломӣ ва даҳшатафкан ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст. Ҳарчанд парда аз чеҳраи аслии онҳо бардошта шуда бошад ҳам, вале ҳамоно онҳо бо ташвиқу тарғиб ҷавононро ба сӯи худ ҷалб мекунанд.

Дар охири чорабинии мазкур дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷихати ҳали мушкилоти мактаб аз ҷониби ташкилоти ибтидоии «Тоҷикистон» роҳрави дохили мактаб таъмир карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg