БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАЙДОНИ ГӮШТИНГИРӢ!

ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Ин навбат бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби варзишии №1”-и ноҳия вохурии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

      Дар мулоқот нахуст суханро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид оғоз намуда, бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар бораи  самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ гуфтугӯ намуд.

       Зимнан, дар бораи  сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг  ибрози сухан кард.

       Дар охир вобаста ба Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тасмим гирифтанд, ки майдончаи  варзишии  гӯштингириро аз  хору  хас  тоза  намуда  барои  истифодаи кулли дустдорони ин намуди варзиш  омода  намоянд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg