БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУРОФОТ ОМИЛИ ЗАЪФУ НОБУДИИ МАЪНАВИЁТ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Кумитаи варзиш»-и ноҳия бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Чулаев Шодибек оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинии ҳизбӣ масъулин оид ба мавзӯи «Хурофот омили заъфу нобудист» баромад намуда, қайд карданд, ки ҷаҳолату хурофот аз нопоктарин аъмолест, ки тӯли қарнҳо баъзе ҷомеаҳоро дар гирдоби хеш фурӯ кашида, онҳоро батадриҷ ба сӯи таассуб бурдааст. Мутаасифона, аксари кишварҳои мусалмонишини дунё феълан дар чунин вазъи таассуфборе қарор доранд ва аз диди илмиву технологӣ дар қиёс ба дунёи мутамаддин хеле ақиб афтодаанд.

Аз ин рӯ, аҳли ҷомеаро, ки дар онҳо тафаккури илмӣ ҳанӯз дуруст ташаккул наёфтааст, зарур аст, ки ҳарчи зудтар аз банди таассубу хурофот худро раҳо карда, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешқадами ҷаҳон ҷомеаи хешро ба сатҳи рушд ва зиндагии шоиста бирасонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg