
ФАРХОР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Лоиҳакаш" хониши сиёсӣ доир намуданд.
Маҷлисро бо сухани ифтитоҳи мудири шуъбаи табалиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳмонов Далер кушода, оиди масъалаи ташаккул додани мафккураи зиддикорупсионӣ ибрози назар намуда, қайд намуд, ки имрӯз амалҳои корупсионӣ (фасодкорӣ) яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа, вазифаи нафақат моқомоти давлатӣ, балки тамоми ҷомеаи шаҳрванди мебошад. Бо дарки ин маъни ва ҳисси масъулият сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст тамоми кӯшишу ғайрати худро барои бартараф кардани ин падидаи номатлуб равона созанд.