БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН БЕҲТАРИН ХАЙР АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо  ибтикори Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ба Маркази тавонбахшии кӯдакони имконияташон  маҳдуди ноҳия дар партави Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар  рӯзи иди Саиди Қурбон кӯмаки яквақтаи  маводи хӯрока расонида шуд.

Инчунин, пас аз тақдими кӯмаки моддӣ масъулини ҳизбӣ аз шароити буду боши бошандагони Маркази мазкур дидан карда, аз табибон ва ҳамшираҳои шафқат даъват ба амал оварданд, ки барои беҳтар шифо ёфтани кӯдакон тамоми имкониятҳои худро  сафарбар  намоянд.

Сипас, дар  вохӯрӣ гуфта шуд, ки миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва оинҳои миллии хеш ифтихор надорад, наметавонад аз неъмати бебаҳои истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад.

Тоҷиконро  ҳамчун миллати сулҳпарвар,  соҳиби тамаддун  ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, мешинохтанд ва мешиносанд. Ин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бори дигар моҳияту аҳамияти бузурги эҳё ва густариши урфу одатҳои неки мардумиро дар рушду  нумуи кишвар ва тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа равшан сохт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg