БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ СЕРХАРҶ ХУДДОРӢ МЕНАМОЯНД!

ВАХШ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Мирзо Турсунзода»-и Ҷамоати шаҳраки Вахш дар мавзӯъи «Ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа» вохӯрӣ доир гардид.

Сараввал дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Исмоил Ҷалилов ба сухан баромада иттилоъ доданд, ки танзими анъана ва ҷашну маросим ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Вале таи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф гардидани баргузории ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард. Тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузаронидани тӯю маъракаҳо  ва идҳо боиси хароҷотҳо ва исрофкориҳои аз ҳад зиёд шуда, зиндагии мардумро ба мушкилӣ мувоҷеҳ кард.

Дар идома таъкид гардид, ки аз сокинон даъват баамал меоварем, ки  ҷиҳати оростани дастархони идона ба исрофкориву тақлидкорӣ ва мусобиқа табдил додани  дастархонороӣ роҳ надиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg