
ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти хониши сиёси баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии мазкур раиси- Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ба сухан баромада қайд намуд, ки воқеан ҳам иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат қарзи виҷдонии ҳар як сокини бонангу ори мамлакакт ба шумор рафта, рушду пешрафти давлат аз сатҳи маърифати сиёсӣву ҳуқуқӣ ва дилу нияти поки ҳар як хизматчии давлатӣ махсусан кормандони Раёсати молияи ноҳия вобастагии хеле калон дорад.
Дар фарҷом Ҳасанзода Тағоймурод аз кормандони мақомоти молия, ҷиҳати ба нафъи давлату миллат бо садоқат фаъолият намудан даъват ба амл овард.
Дар доираи амалии қисмати Аксияи ҳизби таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия» дар ноҳияи Ҷайҳун ба як оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи 720 сомонӣ кӯмаки модди аз қабили орду равған, шакару биринҷ ва барои рузгордори як таҷҳизоти барқии хурокпазӣ расониданд.