Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар мавзӯи “Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист!” хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ аз ыониби масъулон зикр гардид, ки мубориза бар зидди коррупсия дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Дар дунё кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад, аз ин ру коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо ба мисли дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа, сатҳи воқеии зиндагӣ вобаста аст, ки танҳо ба воситаи онҳо мо метавонем аркони давлатдории худро устувор намоем.
Дар фарҷом ҳозирин саволҳои худро пешниҳод намуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.