БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕКОРӢ – ОМИЛИ ЗИЁДШАВИИ ҶИНОЯТКОРИСТ !

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ”   баргузор гардид.

Нахуст  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Раҷабзода Маҳмадсаид суханро оғоз намуда, дар бораи  самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон,  истифода аз захираҳои бойи табиӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ  ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин, оидба  саноатикунонии босуръати кишвар – ҳадафи чоруми миллӣ сухан ронда,  таъкид бар он намуд, ки имрӯзҳо барои  аз байн бурдани бекорӣ, ки  яке аз омилҳои зиёд гаштани ҷинояткорӣ дар ҷомеа гардидааст,  ҳар як нафари комилҳуқуқ бетараф набошад.

Бинобар барои пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ кӯшиш ба харҷ додан вазифаи ҳар яки мост.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg