БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДӢ ВА РУШДУ НУМӮИ ВАТАН ҚАРЗИ ҲАР СОҲИБВАТАН АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Сомониён»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи  ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Зимни баромад Сайдалиев Гадоӣ қайд кард, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 км роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 км роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд. Танҳо соли 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 км роҳҳои дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул ба анҷом расонида шуд. Ҳоло дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии 7, 5 миллиард сомонӣ 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амали шуда истодааст.

Қобили зикр  аст, ки дар ин кор саҳми ташкилоти ибтидоии «Баракати Раҳмон», ки раисаш Абдурозиқов Абдураҳим мебошад,  намоён аст. Корхонаи сангу шағали «Баракати Раҳмон» барои ҳамвор кардани роҳҳо зиёда аз 1000 мошин сангу шағалро ройгон таъмин кардааст.

Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ибтикори ташкилоти ибтидои «Сомониён» зиёда аз 1км роҳҳои деҳаи навбунёди Сомониён сангфарш карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg