
ВАХШ. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ пайваста суҳбату вохӯриҳои судманд доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор шуда истодааст, ки аз ин мулоқоту чорабиниҳо сокинон ба худ таассуроти нек мебардоранд.
Ин навбат бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк»-и ноҳия дар таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ҳамзамон дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» барои рангу бори синфхонаҳои таълимӣ масолеҳи сохтмонӣ кӯмак расонида, ҷиҳати муҳайё кардани шароити хуби таҳсил барои фарзандони хеш саҳми арзандаи худро гузошт.