БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪМАНДӢ-БАДТАРИН РАФТОРИ ИНСОНӢ

АНДЕША. Дини мубини ислом истеъмоли мухаддирот ва тамоми нӯшиданиеро, ки сархушӣ дораду ақлу руҳро тағйир медиҳад манъ мекунад. Ҳамчунин дар ҳадисе омада аст: “Ҳар чизе, ки нашъовар аст, ҳаром аст”.

Бинобарин ин фармудаи пайғамбари акрам ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ба гӯш бигиред, ки мегӯяд: “Бародарони ман! Агар шумо мардумро ба корҳои нек ҳидоят кунед ва аз корҳои бад нигоҳ надоред, чунон офате ба саратон фурӯ хоҳад рехт, ки фоҷеае ҳам барои некон ва ҳам барои бадон хоҳад буд”.

Нашъмандӣ беморист. Беморие, ки дар натиҷаи сӯистеъмоли маводи нашъавор сар зада, дар шахси мубтало вобастагии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ пайдо мекунонад. Фаъолияти ҳаётан муҳим аъзои бадани каси мубтало танҳо дар мавриди истеъмоли мунтазами маводи мухадир имконпазир мешавад. Зеро нашъамандӣ боиси ихтилоли амиқи нерӯи рӯҳӣ ва ҷисмонии инсон мегардад. Дар акси ҳол, яъне дар натиҷаи қатъи фаврии истеъмоли мухаддирот “фаъолияти аксар аъзои бадан халалдор мешавад”.

Маводҳои нашъовари сахттаъсире ҳастанд, ки ҳангоми истеъмоли якдафъаинаи он метавонад набзу  ҳолати рӯҳи инсон, рафтори ӯ тағйир ёбад ва дар мавриди истеъмоли пайвастаи он дар одам вобастагие ба вуҷуд меорад, ки касро ба бемории нашъамандӣ мубтало месозад.

Дар натиҷаи истеъмоли пайвастаи маводи мухаддир, ки моддаҳои фалаҷкунандаи асаб асту лаҳзае кайф бахшида, табъи касро болида месозад, тадриҷан вобастагии рӯҳиву ҷисмӣ ба амал меояд. Баъзан истифодаи яккаратаи маводи мухаддир кофист, ки кас мубталои нашъамандӣ гардад. Нишонаи нахустин нашъмандӣ он аст, ки шахси бемор дар фикри пайдо намудани вояи навбатии нашъа мешавад, яъне вобастагии руҳӣ пайдо мешавад.

Алоимҳои доимии ин бемори дилбеҷоӣ, дарнравӣ буда, иштиҳо баста мешавад, одам лоғар гардида, дандонҳо мепӯсанд, аъзои бадан қудрати муқовимат ба бемориҳоро гум карда, зуд-зуд касал мешавад, мӯи сар мерезад.

Истеъмоли мунтазами мухаддирот ҳолату табъи номатлубу нохӯши одамро шаитар месозад. Масалан, тарс ба ваҳму даҳшат табдил ёфта, мухаддироти оромбахш касро хоболуд месозад, ки ин метавонад боиси фалокат гардад. Дар аъзои баъдан ва мағзи сари одаме, ки пайваста мухаддирот истифода мебарад, дигаргуниҳои шадид ба амал меоянд ва дар мудати кӯтоҳ афту андомаш тағйир меёбад. Бояд таъкид кард, ки нашъамандӣ ба заиф ва оқибат гум шудани ҳисси шаҳвонии зану мард сабаб мешавад.

Бо гузашти муддате баъди истеъмоли маводи нашъовар аъзои баданро алоими парҳезӣ(ломка)-шикастадарди шадиде фаро мегирад, дарди тоқатфарсои дасту пой, устухонҳои ҷоғ, пайвандҳо, шикамравӣ, тапиши дил, арақзеркунӣ сустии аъзои бадан, ноҷуриҳои рафторӣ, ба монанди дағалӣ, серқаҳрӣ бехобӣ ва ғайра пайдо мешавад. Ин ҳолатро вобастагии ҷисмонӣ ба маводи мухаддир меноманд, ки баъди 6-48 соати қабули вояи навбати боз хурӯҷ мекунад. Табобати нашъамандӣ душвор ва дурудароз буда, танҳо ба сайъу кӯшиши  духтур вобаста нест, балки аз ҳама пеш ба талошу иродаи худи бемор вобастагӣ дорад. То имрӯз доруе нест, ки ин вобастагии ҷисмониро аз байн бардорад. Бемориҳои  зиёде низ вуҷуд доранд, ки нашъамандонро оимо думболгирӣ менамоянд, сабаб он аст, ки ашхоси нашъаманд аз як сӯзандору якчанд нафар истифода мебаранд ва ба сӯзандору барангезандагони ВИЧ-СПИД, Гепатит С ва дигар бемориҳо ва бадан ворид гашта, эҳтимолияти сар задани бемориҳои номбаршударо фароҳам меоранд. Сӯзанзании зиёд бошад, рагҳоро хароб менамояд. Барои ҳамин бисёр муҳим аст, ки пиру ҷавон то кадом андоза хатарнок будани истеъмоли маводи нашъаоварро дарк намоянд.

Вобастагии рӯҳӣ кӯшиши носолими қабули дору ба мақсади эҳсоси ҳолати гуворову хушбахтӣ аст. Вобастагии рӯҳӣ дар ҳама ҳолатҳои пай дар паи маводи мухаддир ба вуҷуд меояд ва агар онро одам дар вақти муайян қабул накунад, тамоми аъзои баъданаш ба дард меояд, ки ин дарди ҷонкоҳ аст. Ҳама фикру зикри мариз ба пайо кардани вояи (дозаи) навбатӣ равона карда шудааст.

Муолиҷаи беморони гирифтори нашъамандӣ ин аз бартарафсозии аломати абститентӣ, давраи муолиҷаи фаъол, муолиҷаи дарозмуддати ҳифзкунанда ва барқарорсозӣ иборат аст. Дар мавриди табобати нашъамандӣ сухан гуфта, бояд таъкид кард, ки дар масъалаи раҳоӣ ёфтан аз нашъамандӣ нақши худи бемор хеле калон аст. Таҷрибаи чандинсола гувоҳ аст, ки агар бемор барои аз ин бадбахтӣ халос шудан азми қатъи дошта бошад, муолиҷа натиҷаи самарабахш медиҳад. Мақсади асосии муолиҷаи беморон бошад, ин комилан аст кашидан аз моддаҳои нашъаовар мебошад.

Давлатова Сафарбӣ, узви ҲХДТ, корманди маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри  Кӯлоб

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg