БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ КИШВАР ДАР МЕҲВАРИ АСОСИИ ҲХДТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ”-и ноҳияи Кӯшониён хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ширкат  дошта, доир ба

дасти ниёзмандонро гирифтан дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, Қарори раиси вилоят “Дар бораи андешидани чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон”  ва нақши ҲХДТ дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушду ободии кишвар суханронӣ намуда, закр карданд, ки ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими давлатдории навин ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар меҳвари асосии фаъолияти ҲХДТ қарор дошта, ин нерӯи тавонои сиёсӣ “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолият мекунад.

Сипас, ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд ва маъюб Аксияи ҳизбӣ баргузор гардида, ба ду нафар ниёзманди ҷомеа Қурбонова Малоҳат ва Раҷабмоҳи Набиҷонзода кӯмаки  молиявӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg