БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ҲИЗБИЁН НАТИҶАОВАР МЕБОШАД!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб, самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ва роҳандозии қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Наврӯз”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ вохӯрӣ доир гардид.

Масъулон зимни суҳбат иброз доштанд, ки бо ҳисси баланди  масъулиятшиносӣ  ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намуда, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан омода намоянд.  

Дар ҷараёни сӯҳбат аз иштирокдорон даъват шуд, ки ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва созандагиву бунёдкорӣ саҳмгузор бошанд.

Дар охир, раиси ташкилоти ибтидоӣ Яров Файзалӣ баромад намуда, иброз дошт, ки бо қувваи сокинон ба 1 оилаи ниёзманди маҳал кӯмаки хӯрока, аз қабили орду равған, шакар ва сару либос расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg