БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЛМУ МАОРИФ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ МУҲИМУ АФЗАЛИЯТНОК ДАР ҶОМЕА

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар кумитаи ибтидоии «Маорифчиён»- и назди шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин зимнан атрофи самтҳои афзаляитноки фаъолияти ҲХДТ  фикру андешаҳои хешро баён дошта, иброз доштанд, ки  маориф  яке аз самтҳои афзалиятноки  ҷомеа  ба шумор рафта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон бевосита  дар  самти илму маориф  таваҷҷуҳи зиёд  доранд.

Инчунин, аз кормандони  соҳаи маориф  даъват ба  амал оварда  шуд, ки соли нави хониш дар рӯзҳои наздик оғоз ёфта, масъулинро лозим аст, дар асоси  дастуру  ҳидоятҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти таълиму тарбияи  насли наврасу ҷавон  саҳми арзанда гузошта, бо меҳнати садоқатмандона дар   оянда  ҷавонони  босаводу  соҳибтаҷрибаро ба камол расонанд.  

Сипас,  дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якчоя ҳал мекунем!» ва Қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи чораҳои  тақвият  бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон» ба 3 нафар ятими кул  сару либоси мактабӣ тақдим карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg