БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНАМОНРО БО МЕҲНАТИ СОФДИЛОНА ОБОД ХОҲЕМ КАРД.

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Гулистон»-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.

Зимни суҳбат Сайдалӣ Гадоӣ ќайд кард, ки танҳо соли 2018 дар мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таълимӣ бо зиёда аз 73 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

Ҳукумати мамлакат ислиҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро  минбаъд идома дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунад ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Баъдан дар қисмати  амалии чорабинӣ  Аксияи ҳизбӣ як адад синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25  аз таъмири  хушсифат бароварда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg