БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ҲХДТ САФАРБАР КАРДАНИ ЭҲСОНКОРОН БА КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ АСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  дар ташкилоти ибтидоии «Нафтчиён» доир ба самтҳо афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинии мазкур корманди масъули ҳизб Асалмамадов Бекмамадов иштирок намуда, қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми навбатиаш чунин иброз доштанд, ки  “Танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт”.

Вобаста ба ин дар охири чорабинӣ дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якчоя хал мекунем!» ташкилоти ибтидоии «Нафтчиён»  барои таъмири утоқҳои кории   шуъбаи маориф  ба маблағи 3500 сомонӣ масолеҳи сохтмони харидори намуда,  ба масъулин супориданд.

Дар чорабинии тантанавии супоридани маҳсулотҳои сохтмонӣ  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, мудири шуъбаи маориф Давлатзода Назримад ва раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Р.Некматов иштирок доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg