БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲ БА СӮИ СИФАТ ВА ЗЕБОӢ БЕОХИР АСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт”-и ҷамоати шаҳрак оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара иштирок намуда,  атрофи мавзӯъҳои муҳим, ташкили корҳои ободонӣ созандагӣ дар асоси Аксияи ҳизбии “ Якҷоя ҳал мекунем!” дар ростои ҷашни 30- солагии “Истиқлолияти давлатӣ,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии Тоҷикстандарт, чун мақоми миллии стандартонӣ, дар бораи стандартҳои минтақавӣ, пардохти маблағ барои дастрас намудани нусхаи расмии стандартҳо ва ё маълумот дар бораи онҳо, ба истиснои хароҷоти таҳвил, барои муроҷиаткунандагони ватанӣ ва хориҷӣ, пешгирии ҳаргуна касалиҳои сироятӣ, диққати махсус додан ба молу маҳсулоти истеъмолкунандагон ва истифодабарандагони қаламрави кишвар, кам ворид намудани молҳои хориҷӣ,   хавфу хатари терроризм ва роҳҳои ҳалли  решакан кардани он андешаронӣ карда, ба иштирокдорон  маслиҳату тавсияҳои судманд дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg