БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ БА СОКИНОН РУҲИЯИ БАЛАНДИ ВАТАНСОЗӢ БАХШИД

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо саҳми ташкилоти ибтидоии «Маркази тибби Сино»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш  дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» Литсейи давлатии ноҳия таъмири босифати замонавӣ карда шуд, ки аз ин иқдоми нек  сокинон  руҳу илҳоми тоза гирифта, миннатдории хешро ба шахсони ватандӯст изҳор доштанд.

Инчунин, дар қисмати сиёсии чорабинӣ масъулини ҳизбӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла фаро гирифтани  сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ,   тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи баланди ватансозӣ ва огоҳонидани онҳо аз хатари афзояндаи  терроризму экстремизм андешаронӣ карда, ҳамагонро барои  татбиқи босамари  ҳадафҳои созанда раҳнамоӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg