БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД АЗ БОҒЧА САРЧАШМА МЕГИРАД!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Нилуфар -боғчаи №3» вохӯрӣ баргузор гардид.   

Дар ҳамоиш дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии  ҲХДТ, аз ҷумла  Паёми солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин,дар идомаи суҳбат Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” ваАксияи таъмири муассисаҳо таҳти унвони “Одам нашавад магар касе аз мактаб”ба дарки   ҷамъомадагони расонида шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки шахсони  хайрхоҳу ҳимматбаланд дар татбиқи  масъалаҳои болозикр  саҳм гузоранд.    

Баъдан  таъмири муассисаи томактабии №3, дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» оғоз ёфа,дар ин самт корҳо идома доранд.           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg