БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОДАМ НАШАВАД МАГАР КАСЕ АЗ МАКТАБ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №10”   баргузор гардид.

Нахуст суханро Раҷабзода Маҳмадсаид оғоз намуда, дар бораи  сиёсати  пешгирифтаи Роҳбари давлат дар самти пешрафту шукуфоии Ватан, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ сухан ронда, ҳамагонро барои татбиқи босамари  масъалаҳои болозикр ҳидоят намуд.  

Инчунин,дар ин раванд Аксияи  таъмири муассиса таҳти унвони “Одам нашавад магар касе аз мактаб” ба дарки  ҷамъомадагон расонида шуд.

Таъкидҳо боис  ба  он  гаштанд то дар   қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тасмим гирифтанд, ки барои таъмири  Гимназияи давлатӣ, ки дар маҳаллаи онҳо ҷойгир аст,  масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ намуда, таъмирро оғоз бахшиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg