БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮ ОВАРДАН БА ОБОДОНӢ НИШОНА АЗ ВАТАНДӮСТИВУ ВАТАНСОЗИСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи татбиқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  бо ҷонибдорӣ аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аъзои ташкилоти ибтидоии деҳаи “Ҳаёт”-и ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён иқдом гирифтанд, ки дар бинои муассисаи таҳсилоти миёни умумии №36-и деҳа таъмири капиталӣ гузаронанд.

Дар робита ба ин аз ҷониби  кумитаи падару модарон ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ ба тариқи ҳашари дастаҷамъона бинои мазкур бо сифати баланди замонавӣ таъмир гардида, ороиши гирду атрофи бино, сангфаршкунии роҳравҳои саҳни он бо маром идома  доранд.

Дар чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ иштирок дошта, вобаста ба дастуру супоришҳои  мақомоти болоии ҲХДТ,  Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи  чораҳои тақвият бахшидани  ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ карда,  аз иштирокдорон ҷиҳати дастгирии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, алалхусус дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg