БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРЕМ!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз  дар ташкилоти ибтидоии «Заминсоз» –и ноҳияи Ёвон  бо иштироки аҳли заҳмати корхона вохӯрӣ  баргузор гардид.   

Дар ҷаласа аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда шуда, ҳозиринро барои хизмати софдилона ба халқу Ватан, истифодаи самараноки замин, гирифтани ду ва се ҳосил аз як замин, дар доираи қонун ҳуҷҷатгузорӣ намудани манзилҳои истиқоматӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар мавриди хариду фурӯзи замин баромад карда шуд.

Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифта, иштирокдорон аз ҷониби масъулин ба саволҳои хеш посухҳои амиқу дақиқ гирифтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg