БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҲАР ЯКИ МО АЗ МУҲИТИ ЗИСТИ МО ВОБАСТА АСТ!

ХУРОСОН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи -5» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  атрофи  яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз  ҷумла пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД, Гепотит ва Сил, хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ,  пешгирӣ аз воридшавии  дорувориҳои пастсифат, бештар  дар байни  омма, аз ҷумла сокинони деҳот ба роҳ мондани корҳои  фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои мавсимии сироятӣ дар фасли гармо андешаронӣ намуда,  зикр карданд, ки  ҳифзи солимии ҷомеа вазифаи ҷонии  ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ буда,  табибонро  зарур аст, дар ин самт  софдилонаву садоқатмандона ба халқу Ватан  хизмат намоянд.

Инчунин, дар ин раванд дигар паҳлулҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки  масъалаҳои ҳаётан муҳимро дар бар мегирад,мавриди  баррасӣ қарор гирифтанд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg