
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҶСШК «Тоҷикхимпром» бо иштироки аҳли заҳмати корхона доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Ташкилоти ибтидоии ҶСШК «Тоҷикхимпром» соли 1987 дар базаи кони намаки Ёвон ва Кони сафеди ноҳия бунёд гардида, минтақаи Осиёи миёна ва берун аз онро бо маводҳои безараргардонӣ таъмин менамояд.
Зимни баргузории вохӯрӣ аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар самти хизматрасонӣ ба аҳолӣ, муносибати хоксорона намудан бо онҳо, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, гирифтани дасти бенавоёну маъюбон, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат андешаронӣ намуданд.
Дар доираи қисати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба маркази иҷтимоии рӯзонаи “Умед” ба маблағӣ 500 сомонӣ маводи хӯрока кӯмак расонида шуд.