БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ НОҲИЯВИИ ҲИЗБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, комиссияҳои кор бо ҷавонону занон ва гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроия дар шашмоҳаи якуми соли равон  баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Саидзода Раҳмон маҷлисро кушода, рӯзномаро ба иштирокдорон пешниҳод карда, баъди тасдиқи он аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ барои нимсолаи аввали соли 2019» ахбороти муфассал дод.

Баъдан аз рӯи масъалаҳои рӯзнома узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло ибрози андеша намуда, ба масъулин ҷиҳати  бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар охир нисбати масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg