БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ҲАЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАРЗӢ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ВА ГУЗАШТ КАРДАНҲО РОҲИ МУСБАТИ ҲАЛЛИ МАСАЛАҲОСТ!

ВОКУНИШ. Муноқишаи навбатие, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар мавзеи Ворӯхи шаҳри Исфара рӯхдода, ки боиси  марги  як  нафар ва захмин гаштани чанд сокини Ворӯх гардид, сокинони ноҳияи Фархорро ба риққат овард.

Тибқи итиллои Агентии иттилоотии Ховар ин ҳодиса дар пешорӯи мулоқоти сарони ду кишвари дӯсту ҳамсоя Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Жеенбеков, ки дар назар аст санаи 26-уми июли соли равон дар чорроҳаи Ворух-Оқсой якдигарро истиқбол намуда, сипас дар шаҳри Исфара мулоқоту музокиротиро идома медиҳанд, рух додааст. Шояд ин дассиса ва иғвои он гурӯҳҳоест, ки тинҷию осоиштагии Осиёи Марказиро намехоҳанд. Алббата шаҳрвандони ҳарду тараф барои ҳимояи марзҳои худ омодаанд, вале ҷанг ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳал буда наметавонад. Дар масъалаҳои  марзӣ таҳаммулпазирии тарафҳо ва гузашт карданҳо роҳи мусбати ҳалли масалаҳост.

Боварӣ дорем, ки дар мулоқоти сарони давлатҳои ҳарду ҷумҳурӣ бо дурандешӣ ва сиёсати оқилона вазъ дар сарҳад ба эътидол меояд.

 

Назаров Алиҷон –

раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Фархор                                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg