БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНАМОНРО БО АМАЛҲОИ СОЗАНДАИ ХУД ОБОД ХОҲЕМ КАРД!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо  мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардида буданд, дар ташкилоти ибтидоии “Файзи Истиқлол”-и деҳаи ба номи Хайрулло Файзуллоеви  ҷамоати деҳоти Тахти Сангин вохӯрӣ доир намуд.

Дар маҷлис масъулини ҳизбӣ атрофи  сиёсати ободкоронаи Роҳбари давлат,  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ намуданд.

Инчунин,    дар идома гуфта шуд, ки  сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат дар самти  созандагиву бунёдкорӣ  баҳри пешрафту шукуфоии Ватан буда, ҳар яки моро лозим аст ба қадри заҳматҳои  Сардори давлат расид ва дар ҷавоб бо амалҳои созанда дар рушду  тараққиёти  кишвар  саҳми худро гузорем.

Баъдан  дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба маблағи ҳафт ҳазор сомонӣ таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и деҳа  ба тариқи ҳашар дар синфхонаҳои  муассиса таъмири капиталӣ гузаронида шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg