БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИ МАРОМИ ДЕРИНАИ МОСТ !

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №3”   баргузор гардид.

Масъулин дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинон,  муошират,  истифода аз захираҳои бойи табиӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ  андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар идома  моҳияти Аксияи таъмири муассиса таҳти унвони “Одам нашавад магар касе аз мактаб”-ро ба ҳамагон фаҳмонида,  шахсони саховатманду  фаъолонро барои таъмиру  азнавсозии муассисаҳои таълимие, ки  хатм намудаанд, раҳнамоӣ карданд.

Дар фарҷом  вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар оилаи камбизоат барои сохтани девори атрофи хона кӯмаки амалӣ ва ба масофаи 120 метр роҳи маҳалла сангфарш  карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg