БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ ТАРҒИБИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Навбунёд»-и  ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис, ки аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, баргардонидани 84  нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик аз маҳбасҳо ва урдугоҳҳои давлати Ироқ, вохӯрии Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумруки кишвар ба хотири ба вуҷуд омадани мафкураи зиддикоррупсионӣ дар аҳолӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар самти ошкор кардани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, саривақт супоридани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баррасӣ карда шуданд.

Инчунин, Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» доир гардида, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33-и деҳа таъмиру тармим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg