
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар мулоқот масъулин дар бораи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ нам. Қайд карда шуд, ки қонуни танзим баҳри сарфакориву сариштакорӣ ру овардани мардум қабул гардидааст. Аз ин лиҳоз риояи талаботи қонуни мазкур ба манфиати худи мардум мебошад.