БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ОБОДИВУ САРСАБЗИИ САРЗАМИНИ АҶДОДИАМОН- ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ!

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамъияти матлубот»-и ноҳияи Мӯъминобод  ҷиҳати татбиқи қисмати амалии Аксияи  ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ва дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Гулсунбӣ Раҷабова муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  оид ба Паёми  навбатӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки сиёсати имрӯзаи Роҳбари давлат ба манфиати давлату миллат буда, мо сокинонро зарур аст барои иҷрои  қарзи шаҳрвандии таҳти  роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободиву сарсабзии Ватан талош варзем ва сарзамини аҷдодамонро аз ин дида боз ҳам ободу зебо гардонем.

Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» барои як синфхонаи  МТМУ №1-и ноҳия масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ  карда шуда, ба  таъмири он оғоз бахшида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg