БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЪЛОНИ СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ – АЗ ТАШАББУСҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” мулоқоти ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Нахуст, дар чорабинӣ қайд гардид, ки масъалаи дар руҳияи ҳунармандӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат диққати махсус дода мешавад. Бо ҳамин ниятҳои неку созанда Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Чунин иқдом аз як тараф муаррифии фарҳанги мо бошад, мақсади асосии дигари ин иқдом пеш аз ҳама тарбияи дурусти ахлоқӣ ва омӯзонидани касбу ҳунар ба насли наврасу ҷавони имрӯза иборат мебошад.

Дар охир иштирокчиён изҳор доштанд, ки тамоми ташаббусҳои созандаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, барои амалишавии дастурҳои Сарвари давлат саҳми худро мегузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg