БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДӢ ВА РУШДУ НУМӮИ ВАТАН ҚАРЗИ ҲАР СОҲИБВАТАН АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Туғул»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Зимни баромад Гадоӣ Сайдалиев оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон суҳбат намуда, қайд кард, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушти деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст. Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маъорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ,  рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбӣ  ва Қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ  ба ниёзмандон» ба як нафар шахси эҳтиёҷманди деҳа кӯмаки яквақтаинаи озуқаворӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg