БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИРИ МУАССИСАРО ХАТМКУНАНДАГОНИ ТАЪЛИМГОҲ ПУРРА БА ЗИММА ГИРИФТАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Аъзои ташкилоти ибтидоии “Ҷомбахт” дар машғулияти омӯзишӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ фаъолона иштирок намуданд.

Аз рафти мулоқот маълум гардид, ки ҳозирин дар бораи падидаҳои номатлуби замон, аз ҷумла хавфи терроризму экстремизм, паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ,   сабаб ва оқибати гаравидани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо, роҳҳои аз байн бурдани таассуби динӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, оқибатҳои фоҷиабори нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, истифодаи дуруст аз технологияи муосир, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ва дигарҳо маълумоти дуруст ва зарурӣ  надоранд.

 Баъди баромад чанде аз аъзои ташкилот  ба сухан баромада, аз баргузории вохӯрии муфид изҳори қаноатмандӣ намуданд. Онҳо гузаронидани чунин хониши сиёсиро дар байни оммаи мардум ба манфиати ҳифзи сулҳу субот, пешгирии падидаҳои номатлуби замон донистанд.

Дар баргузории Аксияи ҳизбии “Якҷоя  ҳал мекунем!” хатмкунандагони  МТМУ № 23 таъмири 6 синфхонаи муассисаи таълимиро ба зимма гирифта, онҳо масолеҳи сохтмониро барои таъмири саривақтии  бино дастрас намуданд  Дар рӯзи баргузори Аксияи ҳизбӣ таъмири  қисми берунии бино ва 1  синфхонаи муассиса ба анҷом расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg