
НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Кулони боло”-и Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид. Дар қисмати амалии Аксия аз ҷониби аъзоёни ташкилоти номбурда фарши яке аз синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и аз нав таъмиру тармим карда шуд, ки аз иқдоми ватандӯстона сокинон миннадории хешро баён намуданд.
Ҷараёни Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар миёни соҳибкорону вакилон ва фаъолони шаҳри Норак қобили қабул дониста шуда, дастгирии ҳамаҷониба ёфта истодааст.
Дар қисамти сиёсии чорабинӣ бошад, бо сокинон атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, Аксияи таъмири муассисаҳои таълимӣ таҳти унвони “Одам нашавд касе агар аз мактаб”-и Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон васамтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ роҳандозӣ гардида, масъулин оид ба масъалаҳои мазкур фикру мулоҳизаронӣ намуданд.