
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Бахши Фарҳанг” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмаҳмад иштирок намуда, доир ба баланд бардоштани донишҳои сиёсию маънавӣ ва фарҳангии кормандон дар мавриди хатарҳои терроризму экстремизм-ҳамчун падидаи номатлуб дар ҷомеаи имрӯза, эҳёи суннатҳои фарҳанги миллӣ дар ростои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, маърифати баланди фарҳангдорӣ андешаронӣ карда,зикр намуд, ки халқи тоҷик аз азал мардуми бо фарҳангу тамаддунофар буда, бо анъанаҳои неки ниёгон дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Инчунин, дар ин раванд қарори раиси раиси вилояти Хатлон “Дар бораи кӯмак ба шахсони ниёзманди ҷомеа”, Аксия таҳти унвони “Одам нашавад касе магар аз мактаб” ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баррасӣ карда шуданд.