БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

АКСИЯИ ҲИЗБИИ “МОДАРИ МЕҲРУБОНИ МАН” ДАР АМАЛ

КӮШОНИЁН. Намояндагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба муносибати Рӯзи Модар Аксия ҳизбӣ таҳти унвони “Модари меҳрубони ман” - ро роҳандозӣ намуданд.

ТАТБИҚИ АКСИЯҲОИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!” ВА “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!”

ҶАЙҲУН. Ҷиҳати амалӣ намудани Аксияҳои тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “Якҷоя месозем!” дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Истиқлол» хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамчунин оид ба баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Ку

МОДАРИ МЕҲРУБОНИ МАН!

ЁВОН. Дар ҳаёти имрӯза занон на танҳо рисолати модариро адо мекунанд, балки неъматҳои моддӣ меофаранду созандаю роҳнамо низ ба шумор мераванд. Онҳо дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт бо фаъолияти бунёдкоронаи хеш ҳар гуна мушкилотро бартараф карда метавонанд.

МО ХУД САҲМГУЗОР ДАР ОБОДИИ ВАТАН ҲАСТЕМ!

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг»  шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор карда шуд. Дар ин шанбегӣ беш аз 150нафар, аз он ҷумла кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва аъзои намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» бо ҳисси баланди ватандӯстона фаъолона ширакат варзида,  дар якқатор корҳои ободониву созандагӣ  саҳми назарраси худро гузоштанд.

ФАЪОЛОН ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ.  Дар ҷамъомади ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №5” бахшида ба “Рӯзи Модар” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок намуда, занони фаъолро бо сипоснома ва туҳфаҳои ҳизбӣ   қадрдонӣ намуданд.

МАҚСАДИ ҲХДТ ЗИНДАГИИ ШОИСТА ВА БОСАОДАТИ МАРДУМ АСТ

ВОСЕЪ.  Корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон дар ҳудуди ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо маром идома дорад.

ПАЁМ МОРО БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН РАҲНАМУН СОХТ

ВАХШ. Вохӯрии гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Интернатсионал” бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №10 баргузор гардид.

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР РӮЗИ МОДАР

ВАХШ.  Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бахшида ба "Рӯзи Модар" дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кӯчаю хиёбонҳои маркази ноҳияи, Аксияи ҷавонони ҳизб таҳти унвони "Модари меҳрубони ман!", тақдими гул ба модаронро  баргузор намуд.

ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

АНДЕША.  Ҳамду сано бод ба Зан-Модар, ба сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар, ба фариштаи рӯи замин ва наҷотбахшу ба дунёоварандаи насли башар.

Дар ин ҷо сухан дар бораи Зан-Модар, ҳамсар, хоҳар, маҳбубу ёвар ва модари ҷовиду муаттар эҳдо мегардад.

МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ «МОДАРИ ХУШБАХТ»

Ҷ.БАЛХӢ. Бахшида ба «Рӯзи Модар» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 Ҷамоати деҳоти Узун дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси комиссияи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мизи мудаввар байни ду насл- занони рӯзгордида ва ҷавондухтарон дар мавзӯи «Модари хушбахт» баргузор гардид.  

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg