БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

НАВРӮЗ МУЖДАИ РӮЗИ НАВ АСТ

АНДЕША. Инак, ба сарзамини куҳанбунёду биҳиштосои мо бузургтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодонамон- Наврӯзи хучастапай бо паёми тозаи рӯзгори нав фаро расид.

БАҲОР МОҲИ ЭҲЁВУ ШУКУФОӢ ВА БЕДОРШАВИИ ТАБИАТ

АНДЕША. Фасли баҳор  эҳёву шукуфоӣ, бедоршавии табиат буда, баъди фасли сармо  аз нав зинда шуда, хуршеди пурҳарорати  наврӯзӣ ба хонадон нуру зиё мебахшад.

НАВРӮЗ-МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТИ ТАМАДУНОФАРИ ТОҶИК

АНДЕША. Миллати тоҷикро аз қадим ҳамчун миллати тамаддунофар, бунёдкор ва созанда мешиносанд. Ҳақиқатан тоҷикон бо шоҳкориҳои худ миёни дигар қавму миллатҳо намунаи ибрат буданд ва маҳз бо меърос гузоштани анъанаҳои неки ниёгони худ расму оини хешро  аз насл ба насл ба мерос мегузоранд.

КУРСИ ОМӮЗИШИИ “МАКТАБИ САРВАРИИ СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ОҒОЗ МЕГАРДАД

ВИЛОЯТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби бештари онҳо барои иштирок дар раванди созандагиву бунёдкориҳои кишвар давоми моҳҳои апрел-июни соли равон, нахустин курси омӯзишӣ зери унвони “Мактаби сарварии созандагони Ватан” роҳандозӣ мегардад.

МАКТАБИ САРВАРИИ СОЗАНДАГОНИ ВАТАН

ВИЛОЯТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби бештари онҳо барои иштирок дар раванди созандагиву бунёдкори давоми моҳҳои апрел – июни соли равон, нахустин курси омӯзишӣ зери унвони “Мактаби сарварии Созандагони Ватан”-ро роҳандозӣ менамояд.

ҶАВОНОН ОЯНДАИ КИШВАР

АНДЕША. Дар ҷумҳуриамон ҷавонон яке аз неруҳои созандаву бунёдкор ва пешқадами ҷомеа ба шумор мераванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхории падарона зоҳир менамоянд ва дар ҳама ҷо онҳоро дастгирӣ мекунанд.

СЕМИНАР – МАШВАРАТ ОИД БА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҲАРАКАТИ ҲИЗБӢ

ШАҲРИТУС. Оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ  бо иштироки   кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус   дар ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов бо раисони ташкилотҳои ибтидоии деҳаҳои ҳудуди  ҷамоати деҳоти мазкур  семинар-машварати дастурдиҳӣ  дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардида, инчунин ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастурамали «Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ», барои корбарӣ дастрас к

ПАЁМ-БАРНОМАИ ҲУШДОРИИ ҶОМЕА БАРОИ БУНЁДИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

ШАҲРИТУС. Дар  ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритус  дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ бо иштироки  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулозода Зафар ва Холбойзода Неъмат, кормандони Кумитаи иҷроия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус мулоқоту вохӯрӣ бо интихобкунандагон, аз он ҷум

САҲМИ МАРДУМ ДАР ОБОДИИ ОРОМГОҲ ЧАШМРАС АСТ

ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Дӯстӣ ва дастгирии аъзову ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии  "Кӯҳдоман"-и Ҷамоати шаҳраки "20-солагии ИҶТ" ҳашари умумӣ ташкил карда шуд.

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ БО РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ХУРОСОН. Дар  маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  ноҳияи Хуросон бо иштироки узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, раиси ноҳияи Хуросон  Ахмадзода Илхом ва раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар нохияи Хуросон Саидзода Раҳмон семинари оӯзишӣ бо  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Хуросон гузаронида шуд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg