БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ОЗОДОНАИ ВАО ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИРО ФАРОҲАМ ОВАРДААСТ

ВОКУНИШ. Ҳамаи мо хуб медонем, ки матбуот дар ҳама давру замон дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳиму арзанда дорад.

НАВРӮЗ ҶАШНИ НИЁГОН АСТ

АНДЕША. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам гардид, ки мо ҳама ҷашну маросимҳои миллӣ ва анъанаҳои гузаштаи худро дубора эҳё намоем. Вобаста ба таҷлили ҷашнҳо ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани онҳо мо имкониятҳои васеъ дорем. Насли имрӯза муваззафанд, ки гузаштаи худро донанду меъроси таърихии хешро ҳимоя созанд.

НАВРӮЗ КУҲАНТАРИН ОИНИ МИЛЛӢ

АНДЕША. Наврӯз яке  аз куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, дар луғатҳо ба маънои «рӯзи нав» ва «тоза», «рӯзи нахустин», аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

ДӮСТРӮЯКОНИ МО АЗ НАВРӮЗӢ ИСТИҚБОЛ ГИРИФТАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Левакант бо иштироки васеи кӯдакон ҷашни Наврӯзи оламафрӯз таҷлил карда шуд.

КӮМАК БА ЯТИМОН АЗ ҶОНИБИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ

КӮЛОБ. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ ҷиҳати мусоидат баҳри таъмини кафолати иҷтимоии давлатӣ ба маъюбону ятимон ва бепарасторон ҷиҳати беҳтар намудани зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити хуб барои онҳо бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ ва вакилони ҳизбӣ корҳои хайру сахо амалӣ гардиданд.

ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ БО ШУКӮҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА ҶАШНИ НАВРӮЗРО ИСТИҚБОЛ ГИРИФТАНД

КӮЛОБ. Вобаста ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр ин ҷашни таърихӣ Наврӯз ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта шуд.

ҶАШНИ НАВРӮЗ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН БОТАНТАНА ИСТИҚБОЛ ГИРИФТА ШУД

КӮЛОБ. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии фарҳангӣ - сиёсӣ баргузор карда шуд.

МАҲАЛАМОНРО ҲАМА ЯКҶОЯ БА ЯКЕ АЗ МАҲАЛҲОИ ПЕШРАФТАВУ ОБОД МУБАДДАЛ МЕНАМОЕМ

ВОСЕЪ. Дар ноҳияи Восеъ корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани идҳои миллӣ бо маром идома доранд.

НАФАСИ ТОЗАИ НАВРӮЗ МУБОРАК БОШАД!

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ҷалби волонтёрон дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳия аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!” гузаронида шуд.

ДАР ОБОДИИ ДИЁР БО ДИЛУ ҶОН САҲМ МЕГУЗОРЕМ

ВОСЕЪ. Бо мақсади саҳм гузоштан дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва кормандони ташкилоти ибтидоии “Хизматрасонии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Восеъ дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия шанбегӣ гузаронида шуд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg