Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Урсихо атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинӣ баргузор намуданд.
ШАҲРИТУЗ. Аксия ҳизбӣ таҳти унвони Даҳсолаи банйлмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар деҳаи Чоршанбеи ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови нохияи Шахритуз бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Шоира, ҷиҳати амалигардонии нақшаи кории намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои нимаи дуюми соли 2018 баргузор гардид.
ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва кормандони Кумитаи иҷроия Фирӯз Пиров ва Саидҷалол Ҷалилов дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо сокинони деҳаи Дараи Калоти ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрӣ гузарониданд.
ПАНҶ. Тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳибтамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мешиносанд. Ин гуфтаҳо бори дигар моҳияту аҳамияти бузурги эҳё ва густариши урфу одатҳои неки мардумиро дар рушду нумӯи кишвар ва тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа равшан месозад. Асолати миллии мо дар гулҳои чакан нақш бастааст.
КӮЛОБ. Мутобиқ ба ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва баргузории ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи маҳал Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳо бо мардум чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ карда истодааст.
БОХТАР. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар маҳалаи Ургутмаҳалла намоиши молу маҳсулоти дастии ҳунармандон баргузор гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи барқ» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Ш.ШОҲИН. Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба эҳё ва ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзию гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошию бофандагӣ ва заргарӣ, такони ҷиддӣ бахшид.
ШАҲРИТУЗ. Ҷиҳати амалигардонии нақшаи кории намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шаҳритуз барои нимаи дуюми соли 2018 Аксия ҳизбӣ таҳти унвони «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар деҳаи Қумшоҳи ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз, бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Абдуллоева Шоира баргузор гардид.
ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун байни аъзои ташкилоти ибтидоии «ДЕУ-43» хониши сиёсии ҳизбӣ дар мавзӯъӣ «Об барои рушди устувор» бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насимахон Ғаффорова, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Хоҷаева София бо кормандони ташкилоти номбурда доир гардид.
АЁДАТИ ИШНАЗАРОВА ЛОЛАХОН СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12