АНДЕША. Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумлаи камтарин кишварҳоест, ки пайваста ба сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат мекунад. Аз қабл ҳам ин дахолатҳо, бахусус дар масоили марбут ба сиёсату мазҳаб бармало будаанд, аммо ахиран бархе ҳаводисе дар Тоҷикистон рӯй доданд, ки тафтишот дар онҳо маҳз “дасти эронӣ”-ро фош кард.




























