ФАРХОР. Зери ҳамин мавзӯъ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бо иштроки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чоргул»-и деҳаи Чоргули ҷамоати деҳоти Зафар баргузор гардид.
ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик хониши сиёсӣ бо кормандони соҳаи маориф гузаронида шуд.
ПАНҶ. Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсози ҳар як давлату миллат буда, баёнгар ва таҷҷасумгари арзишҳои миллӣ, ҳисси баланди хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, танзимкунандаи волояти қонунҳо мебошад. Вобаста ба ин, бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо ҷавонон, аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Наврӯзи ҷамоати деҳоти Меҳвар вохӯрии судманд доир гардид.
НОРАК. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Туғмазор” бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ғуриева Муслима ва Исмоилова Парвина мизи мудаввар доир гардид.
МӮЪМИНОБОД. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии шуъбаи маорифи ноҳияи Мӯъминобод бо кормандони соҳа оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротзода иштирок ва суханронӣ намуд.
КУШОНИЁН. Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки меҳмонон, табибони ҳиндустонӣ, ки дар деҳаи дурдасти Механизатор-2 баргузор гардид,ки меҳмонони хориҷӣ моро ҳамроҳӣ карда, зисту зиндагонии мардуми деҳаро хело хуш пазируфта, аз фарҳангу меҳмоннавозии миллати тоҷик ошно гардиданд.
КӮЛОБ. Мувофиқи ҷадвали суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Пистамазори ҷамоати деҳоти Зиракӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.
ҚУБОДИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии “Матлуботчиён” тибқи нақша- чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардид,кидар он мавсуф дар назди ҷамъомадагон оид ба терроризму экстремизм, худкушӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таълиму тарбияи фарзанд аз хона то мак
ЁВОН. Дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон бо иштироки фаъолони ҳудуди ноҳия бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия суҳбати сарироҳӣ доир гардид.
ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Гулистони ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳия бо мардуми деҳот вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бомаҳал вохӯрӣ доир гардид.
АЁДАТИ ИШНАЗАРОВА ЛОЛАХОН СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12