ДАНҒАРА. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, аҳли зиё, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони деҳаи Меҳтари ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара вохӯрии судманд доир намуданд.






















