ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кумитаи варзишӣ” дар майдони варзишӣ ва Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Ҷайҳун Фестивали «Бозиҳои миллӣ» байни муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.

































