БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ноябр 2021

ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

ДӮСТӢ. Бо иштироки и.в.раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия, комиссари ҳарбӣ ва сардори ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ дар байни сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Деҳқонобод суӯҳбату вохӯрӣ доир намуданд.

МО ТАЪРИХИ ПАРЧАМДОРИРО ДОРЕМ!

АНДЕША. Халқи тоҷик таърихи куҳан дошта, таҷрибаи давлатдории мо  аз ҷониби олимону коршиносони хориҷи қайд шудааст. Таърих ва давлатдории моро сарчашмаҳои таърихӣ исбот мекунанд. Мо беш аз ҳазор сол ҳам давлат доштем, ки тарзи корбари ва идораи он аз давлатҳои имрӯза қариб, ки фарқияте надошт. 

ПАРЧАМ - МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Парчами давлатӣ рамзи давлатдории ҳар як давлат дар ҷаҳон мебошад. Дар аксар мавридҳо бисёре аз давлатҳоро маҳз аз рӯӣ парчам мешиносанд. Ҳангоми иштироки хонандагон ва варзишгарон дар озмун ва мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳз парчами кишвари онҳо парафшон мешавад. Парчам яке аз муқаддасоти мамлакатҳо ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз 29 сол муқаддам дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Парчами давлатии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гардид.

НОМЗАДҲОИ АРЗАНДА ПЕШБАРӢ ГАРДИДАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Конференсияи 25 – уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

ОЗМУНИ САВОЛУ ҶАВОБ БАРГУЗОР ГАРДИД

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо волонтёрони назди Кумитаи иҷроия бо мақсади дар рӯҳияи баланди идона таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву маҳаллаҳо ва боғу гулгаштҳои ҳудуди ноҳия озмуни саволу ҷавоб таҳти унвони “Эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ”- ро роҳандозӣ намуданд.

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

ФАРХОР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Фархор бо иштироки волонтёрон  Аксияи ҳизбӣ  зери унвони  “Парчамат бодо парфшон Тоҷикистони азиз” баргузор карда шуд.

ТАЪРИХИ ПАРЧАМДОРИИ ҲАР ЯК МИЛЛАТ БА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ОН ТАВЪАМ АСТ

АНДЕША. Халқи тоҷик аз гузашта то ба имрӯз ҳамчун миллати соҳибфарҳангу давлатдор шинохта шуда, барои рушди ҷомеаи башарӣ фарзандони ин миллат хидматҳои зиёде кардаанд.

ПАРЧАМАТ ДОИМ ПАРАФШОН БОД, ТОҶИКИСТОН!

АНДЕША. Ҳар  як  миллати  олам   барои мавҷудияту  ҳастиву  бақои   худ   пайваста  талошу  мубориза мебарад.  Таърихи  дуру  дароз ва  пур  аз муборизаҳои миллати  тоҷик исботи  ин  гуфтаҳост.  Таърих  гувоҳ  аст, ки борҳо  ин  миллатро  ғарқи  хун кардаанд, сӯзондаанд  ва ҳатто  аз  сари  фарзадонаш  калламанора сохтаанд.  Аммо ӯ  нест  нашуд, балки барои  комил   гаштани  башарият рушд  ва такомул  ёфт.

ШАРМУ ҲАЁ БА ЗАН ЗИНАТ МЕБАХШАД

АНДЕША. Занон дар бештари маврид нисбати мардон зиёд мебошанд. Аммо дар аксарияти давлатҳо иззату эҳтироми махсусро соҳибанд. Аз ҷумла ба занон корҳои вазнин раво дида намешавад. Дар ҷое, ки зан аст, мардон бо эҳтиёт сухан мегӯянд, ки мабодо аз забонашон суханҳои қабеҳ набарояду занон наранҷанд.

ПАРЧАМ РАМЗИ ХУДШИНОСӢ АСТ

АНДЕША. Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чун ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлат, дар баробари баёнгари озодӣ ва истиқлолият буданаш, дар худ ормон ва умедҳои сокинони мамлакатро инъикос менамояд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg