БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Август 2021

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ ДОИР ГАРДИД

ДӮСТӢ. Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани тартиби интишори маводҳои хабарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи ҳизбӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  семинар- машварати ҳизбӣ доир карда шуд.

ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ

АНДЕША. Миллати  тоҷик таърихи  куҳан дошта, чун миллати тамаддунсоз дар масири  таърих маҳоми  хосаро касб карда омадааст. Тоҷик миллатест, ки  бо илму фарҳанг ва адабиёти қадимии худ миёни қавму миллатҳои дигар ҷойи муайянро ишғол намуда, имрўз дар арсаи  ҷаҳон бо эҷодиёти фарзандони  барўмандаш фахр дорад.

ЭҲТИЁТ НИМИ ҲАЁТ!

ВОСЕЪ. Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории хавфноки коронавирус аз ҷониби мутасаддиёни Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилотии ибтидоии СЭС корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ ва мутахассисони соҳа  таъкид гардид, ки  аз ин беморӣ худ ва дигаронро эҳтиёт намоед. 

БОЗИИ ШАВҚОВАРИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”

ВОСЕЪ. Баъди натиҷагирии даври интихобии мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбии Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Восеъ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”, ғолибони дастаҳои ғайрикасби Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Х. Раҷабов  ва А. Рӯдакии  ноҳияи Восеъ бо ҳам омада ғолибият насиби дастаи Ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакӣ  гардид.

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”

ВОСЕЪ. Баъди натиҷагирии даври интихобии мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбии Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Восеъ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” ғолибони дастаҳои ғайрикасбии Ҷамоатҳои деҳоти ба номи М. Вайсов  ва Гулистони  ноҳияи Восеъ бо ҳам омада, ғолибият насиби дастаи Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов  гардид.

АЗ РӮЗҲОИ ГАРМИ ТОБИСТОН ИСТИФОДА МЕБАРЕМ

Ҷ.БАЛХӢ. Як навъи захирасозӣ барои зимистон ин консерва кардан аз маҳсулоти тобистона мебошад. Бо ин мақсад қариб дар ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ консервакунонӣ аз меваю сабзавот идома дорад. Сокинони  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ аз ин машғулияти муфид қафо намонда, бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ рӯзҳои гарми тобистонро барҳадар надода, аз маҳсулоти ба дастовардаашон барои зимистон захира мекунанд.

БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОМОДАГӢ МЕГИРЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо фарорасии соли нави таҳсил ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳолати таъмиршавӣ қарор дошта, бино ва синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ рангу бор карда мешаванд.

ҲИЗБИЁН БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ОМОДАГӢ МЕБИНАНД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи корҳои ободонию созндагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳама Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуда истодааст.

ФУТБОЛИ ХУРД БАҲРИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ҲХДТ» ПУРШИДДАТ ҶАРАЁН ДОРАД

Ш.ШОҲИН. Дар майдончаҳои варзишии маркази шаҳрак бозиҳои даври ноҳиявии футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия баҳри дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷолиб ва шиддатнок идома доранд.  Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо байни ҳам қувваозмоӣ карда, барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ талош меварзанд.

МАКТАБ - МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

ҶАЙҲУН. Баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ҷалби аъзои фаъоли ҲХДТ, омӯзгорон, падару модарон ва дигар ашхоси саховатпеша деворҳо ва синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти томактабии ноҳия рангубор карда шуда, корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg