БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сентябр 2018

Тарғиби озмунҳои ҳизбӣ дар маҳал

Ш.ШОҲИН.  Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаҳои Дараи Эмом ва Учқули ҷамоати деҳоти Доғистон  баргузор гардида дар он атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барраси гардид.

Қисмати тарғиботии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандози карда шуд

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Молиячиён»-и назди Раёсати молияи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Вакил муроҷиати шаҳрвандонро шунид

КУШОНИЁН. Вакили Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳавзаи интихоботии “Кушониён -27”  Ҷобирзода  Тоҳир Гул  дар Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён қабули   итихобкунандагони худро доир намуд.

Тарғиби иқдоми Пешвои миллат оид ба масоили об

КӮЛОБ. Бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" бо ташаббуси намояндагии  ТҶҶ "Созагндагони Ватан" дар шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Об барои рушди устувор" дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузаронида шуд.

Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар маҳаллаи  Заркамари ноҳия бо гурӯҳи таблиғотӣ дар бораи мақом ва манзалати занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷалби духтарон ба таҳсил ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Фаҳмонидани ҳадафҳои асосии ҲХДТ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа

А.ҶОМӢ. Дар хониши сиёсие, ки аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Вахш»-и деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардида, дар он  масъалаи татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баррасӣ гардид.

ҲХДТ: Осудагии рӯзгори мардум мақсади асосии мост!

ЁВОН. Бо мақсади тақвияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли тақвияти робита бо маҳал ва дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо  дар деҳаи Сарқамиши ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова  чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд.

Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарбаланд!

ДӮСТӢ.  Аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бахшида ба эълон гардидани Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Сомонии ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Армуғони Хатлонӣ» ташкил ва баргузор карда шуд.

ҲХДТ – ҳизби созанда ва мардумӣ

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Рахшонзамини  ҷамоати деҳоти Корез намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ташкил карда шуд.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба насли навраси ояндасозаш эътимоду боварии қавӣ дорад

ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «Боғчаи №1»-и ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ хониши сиёсӣ доир гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg