ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба хатари сироятёбӣ ба бемории вируси норасоии масъунияти одам дар байни аҳолӣ, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 вохӯрӣ баргузор гардид.